Декабр 08, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти тахассусии коргурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон

Нишасти тахассусии коргурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Бар асоси тавофуқи тарафайн, нишасти навбатии коргурӯҳҳои нақшабардории ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйини ҳудӯд ва марзҳои давлатӣ дар шаҳри Ботканд баргузор шуд.

Дар ин нишаст, тарафайн дар мавриди аломатгузории ҳудӯди 17 километр аз хати марзии муштарак табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст таърихи баргузории ҷаласоти тахассусии ду тараф дар соли 2023 таъин шуд.

Нишасти баъдӣ дар Тоҷикистони баргузор хоҳад шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки бо гузашти наздик ба 30 сол аз истиқлоли ин ду кишвар фақат 520 километр аломатгузорӣ шудааст.

 

Барчасп