Декабр 13, 2022 12:26 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони энержӣ дар Узбекистон

Ба далели қатъи пайдарпаи барқу газ дар Узбекистон ҳамзамон бо шурӯи фасли сармо додситонии ин кишвар чанд раиси ширкати минтақаии энержӣ ва барқро боздошт карданд.

Буҳрони энержӣ ва мушкилоти марбут ба камбуди газ ва барқ дар Узбекистон дар рӯзҳои ахир дар ҳоле эҷод шудааст, ки ин кишвар аз содиркунандагони барқ ва газ дар минтақа аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Неъматуллоҳ Юлдошев-додситони кулли Узбекистон эълом кард ба дунболи қатъи мукаррари барқу газ дар ин кишвар руасойи чанд ширкати барқи боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи қазоӣ ташкил шудааст .
Умурзоқов-раиси идораи раёсати ҷумҳурии Узбекистон низ бо таъкид бар рафъи мушкили қатъии барқу газ дар ин кишвар гуфт : Ҳудуди 62 ҳазор хонавода дар 462 шаҳрак ба далели коҳиши фишори газ дар хутути лӯла ва гази табиӣ дарёфт намекунанд.
Ба гуфтаи Умурзоқов 1485 маҳалла ҳам дар Бухоро, Навоӣ, Фарғона ва Тошканд дар бархе соъоти рӯз бидуни барқ боқӣ мондаанд.
Як коргурӯҳи давлатӣ дар Узбакистон ба раёсати Абдуллоҳ Орифов-нахуствазири ин кишвар барои баррасӣ ва ҳалли фаврии мушкилот дар заминаи манобеи энержии ин кишвар ташкил шудааст.
Ба далели буҳрони энержӣ мақомоти Узбекистон содироти газ ба хориҷ аз ин кишварро ба таври комил мутаваққиф карда ва музокирот бо соири кишварҳоро барои хариди бештари манобеи энержӣ оғоз кардаанд.

 

Барчасп