Сафири ҷадиди Эрон дар Афғонистон таъин шуд
(last modified Sun, 18 Dec 2022 05:02:27 GMT )
Декабр 18, 2022 10:02 Asia/Dushanbe
  • Сафири ҷадиди Эрон дар Афғонистон таъин шуд
    Сафири ҷадиди Эрон дар Афғонистон таъин шуд

Ҳасани Козимии Қумӣ сафири Эрон дар Афғонистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абоси Бадрифар ройзани сафорати Эрон дар Кобул аз интисоби Ҳасанӣ Козимии Қумӣ ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Афғонистон хабар дод.

Вай изҳор дошт, ки Ҳасани Козимии Қумӣ ба унвони сафири Эрон дар Афғонистон муъаррифи шуда ва қарор аст пас аз поёни корҳои идори ба Афғонистон биёяд.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуи Толибон дар ин бора гуфт: Мо ба ин бовар ҳастем, ки ин тағири ҷадид ҳам иншоаллоҳ муфид ба ҳарду кишвар хоҳад буд ва мо мулоҳиза дар ин маврид надорем ва як кишвар ҳақ дорад, ки сафири худро тағир диҳад вале мо равобити ҳарду кишварро муҳим медонем ва иншоаллоҳ, ки ин равобит ҳифз хоҳад шуд.

Пас аз ин сафорати Эрон дар Кобул эълом кард, ки маҳмурияти Баҳодури Аминиён сафири пешини ин кишвар дар Кобул ба поён расида аст.

Ҳамчунин пеш аз ин Ҳасани Козимии Қумӣ ба унвони намояндаи Эрон дар умури Афғонистон кор мекард.