Имзои тафоҳумномаи ҳамкории Қирғизистон ва Ҷопон то соли 2025
(last modified Mon, 26 Dec 2022 08:59:56 GMT )
Декабр 26, 2022 13:59 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории Қирғизистон ва Ҷопон то соли 2025

Дар дидори вазири умури хориҷаи Қирғизистон ва Ҷопон тафоҳумномаи ҳамкории солҳои 2023 ва 2025 имзо шуд.

Жээнбек Кулубаев вазири умури хориҷаи Қирғизистон, бо Ҳаяши Йошимаса  вазири хориҷаи Чин дидор кард. 

Ба гузориши Садои Хуросон дар ин дидор, тарафайн дар бораи мавзӯъоти муҳими ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла тақвияти бештари гуфтугӯҳои сиёсӣ дар сатҳи оли баҳсу табодули назар карданд.Ҳамчунин дар робита бо ҳамкори дар заминаҳои тавсиаи таъомулоти дуҷониба дар заминаи  иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, ҳавзаи беҳдошт ва дармон, омӯзиш, муҳити сизт ва гардишгарӣ табодули назар сурат гирифт.

Кулубаев ба алоқаи тарафи Қирғизистон   ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории байни дукишвар ишора кард. Вай ба вижа дар чашмандози мавҷуд барои афзоиши содироти маҳсули дохили дустдори муҳити зист таъкид кард. Ҳаяши низ  ба навъи худ омодагии худро барои тақвият бештари ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд эълом кард.

Вай хотирнишон кард, минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз ҷиҳатгириҳои муҳими сиёсати хориҷаи Ҷопон аст. Дар ин росто қасд дорад ба ҳимояти мустамир аз Бишкек дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба идома диҳад.

Дар поёни ин нишаст, Кулубаев аз ҳамтои худ даъват кард то дар ояндаи назик дар як сафари расмӣ аз Қирғизистон боздид кунад.