Декабр 28, 2022 10:52 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкории тиҷорӣ байни Покистон ва Узбакистон

Мақомоти Покистон ва Узбакистон тавофуқномаеро барои густариши сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба як миллиард доллар имзо карданд.

Ба гузориши  Садои Хуросон, Ҷамшед Хоҷаев вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷаи Узбакистон, ки дар чорчӯби сафари расмии худ ба Исломобод сафар кардааст бо Сайид Навидқамар, вазири тиҷорат ва сармоягузории  Покистон дидор ва дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба гуфтугӯ кард.

Тарафайн тавофуқномаи тиҷорати тарҷеҳиро байни дукишвар имзо карданд ва ин тавофуқнома аз аввали феврали 2023 иҷроӣ хоҳад шуд.

Сийид Навидқамар гуфт: Дар ин димдор тавофуқ шуд то як роҳбӯрдии муштарак баро тиҷорати транзети аз тариқи Афғонистон эҷод кунанд. Арзиши табодулоти тиҷории Покистон ва Узбакистон дар соли гузашта беш аз 181 миллион доллар будааст. 

 

Барчасп