Афғонистон дар шумори гуруснатарин кишварҳои ҷаҳон
(last modified Sat, 31 Dec 2022 05:39:56 GMT )
Декабр 31, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон дар шумори гуруснатарин кишварҳои ҷаҳон

Афғонистон дар шумори гуруснатарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад .

Ин вазъияти бади Афғонистон дар ҳолест, ки ин кишвар пас аз ду даҳаи ишғол тавассути низомиёни Амрико ва нобудии зерсохтҳо, ҳамакнун бо буҳронҳои гуногун аз ҷумла буҳрони иқтисодӣ ва инсонӣ рӯбарӯ аст . Дар ин марҳила Амрико  Афғонистонро ба баҳонаи ба қудрат расидани Толибон ( аз августи 2021 ) таҳрим ва ҳудӯди 10 миллиард доллар аз пӯли ин кишварро блока ва тасоҳуб кардааст.
Созмони ҳифозат аз кӯдакон ( Save the Children ) рӯзи ҷумъа бо эъломи инки 6 600 000 нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд, аз афзоиши нигаронкунандаи бадхурокӣ байни кӯдакон дар ин кишвар хабар дод .
Бар асоси ин гузориш бо ин омори гуруснагӣ , Афғонистон болотарин мизони гуруснагӣ дар кишварҳои ҷаҳонро дорад.
Наваро Ҳуснайн-сарпарасти Созмони наҷоти кӯдакон дар Афғонистон дар ин бора гуфт : Кӯдакон дар Афғонистон он қадр гурусна ҳастанд, ки наметавонанд ончӣ дар мадраса омӯхтаандро ба хотир биоваранд . Носерии кӯдакон дар Афғонистон ҳамчунин сабаби афзоиши ибтилои онҳо ба бемориҳои хатарноке монанди вабо шудааст .
Наваро Ҳуснайн афзуд:Ба далели афзоиши фақру гуруснагӣ дар Афғонистон мавориди издивоҷи кӯдакону кори кӯдакон афзоиш ёфтааст.