Иҷрои тавофуқот меҳвари дидори мақомоти Узбекистону Русия
Мақомоти Узбекистону Русия бар омодагии тарафайн ҷиҳати иҷрои комили тавофуқоти ба даст омада дар чорчуби дидор ва гуфтугуи раисони ҷумҳурии ду кишвар таъкид карданд.
Бахтиёр Саъидов, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбекистон ва Олег Малгинов, сафири Русия дар Узбекистон дар чорчуби дидоре дар Тошканд бар омодагии тарафайн барои иҷрои комили тавофуқоти ба дасти омада дар чорчуби дидор ва гуфтугуи раисони ҷумҳурии ду кишвар таъкид карданд.
Тарафайн ҳамчунин дар мавриди масоили рӯзи равобити шарокати роҳбурдии Узбекистону Русия дар заминаҳои сиёсӣ - дипломатӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табодули назар карданд.
Дар ин дидор барои ташдиди дипломасии иқтисодӣ, аз ҷумла аз тариқи анҷоми иқдомот мабнӣ бар афзоиши беш аз пеши шохисҳои мубодилоти бозаргонӣ, ҷазби сармоягузорӣ ва иҷрои пружаҳои муштарак таъкид шуд.
Тарафайн дар ин дидор ҳамчунин барномаи маросимҳои қарибулвуқуъ дар чорчуби дуҷониба ва чандҷонибаро низ баррасӣ карданд.
Мубодилоти бозаргонии Русия ва Узбекистон дар соли 2021 ҳудуди 7 миллиарду 517 миллиондоллар буд.
Русияи истиқлоли Узбекистонро 20 марти 1992 ба расмият шинохт.