Январ 09, 2023 18:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Кремл бар бесамар будани ирсоли таслиҳоти ғарбиҳо барои Украина
    Таъкиди Кремл бар бесамар будани ирсоли таслиҳоти ғарбиҳо барои Украина

Сухангуи Кремл эълом кард ирсоли таслиҳоти ғарби ба Украина асосан наметавонад чизеро тағир диҳад.

Русия дар таърихи 24 феврал дар пайи иқдомоти таҳрикомези НАТО дар марзи ин кишвар ҳамчунин бесилоҳгардонии Украина ҷанги бо ин кишварро оғоз кард.

Ғарбиҳо натанҳо иқдоми барои коҳиши танишҳо ва таваққуфи даргириҳо дар Украина анҷом надоданд, балки бо ирсоли таҷҳизот ва силоҳ ва эъмоли фишор ба Русия бештар ба ин нооромиҳо доман заданд.

Ба гузориши Спутник Дмитри Песков, суханги Кремл рузи душанбе бо судури баёнияи таъкид кард: Ироаи таслиҳоти ғарби наметавонад раванди дастёби ба аҳдофи амалиёти вижаи Русия дар Украинаро мухтал кунад.

Эммануэл Макрон, раиси Ҷумҳурии Фаронса дар гуфтугу бо Владимир Зеленскӣ ҳамтои украинии худ аз тасмими Порис ҷиҳати ирсоли мошинҳои зиреҳи барои Киев хабар дод.

Бар асоси ин баёния Аврупо, НАТО ва Амрико даҳҳо миллиард доллар таслиҳот ба Украина ворид карданд.

Сухангуи Кремл дар бораи равобити Маскав ва Порис хотирнишон кард, тамосҳои байни Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия ва Макрон дар ҳоли ҳозир мутавақиф шуд, аммо дар марҳалаи қабли бо вуҷуди ихтилофи назарҳои мавҷуд тамосҳои бисёр муфид ва созанда буд.

Дар иқдоми нави ғарбиҳо ба вижа Фаронса барои ирсоли таслиҳот ба Украина вазири хориҷаи Италия эълом кард, ки Рум ва Порист дар ҳоли баррасии ирсоли сомонаи дифоъи ҳавоӣ ба Киев ҳастанд.

 

Барчасп