Январ 11, 2023 14:07 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди қарордоди Афғонистон бо Тоҷикистон барои воридоти барқ
    Тамдиди қарордоди Афғонистон бо Тоҷикистон барои воридоти барқ

Ширкати барқи Афғонистон, ки акунун таҳти мудирияти гурӯҳи Толибон аст, мегӯяд. ки барои ҳали бӯҳрони бебарқи дар Афғонистон, қарордоди воридоти барқ бо Тоҷикистонро тамдид кардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон,   Брешно рӯзи сешанбе дар саҳифаи  "Твиттер" гуфтааст,  ки ин қарордод тавассути Мулло Муҳаммадҳаниф Ҳамза, масъули  иҷроии ширкати Брешно ва Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати Барқи Тоҷик, ба имзо расидааст.

Дар ҳафтаи гузашта ширкати Брешно эълом карда буд, ки қарордоди воридоти барқ бо кишвари Узбакистонро низ тамдид кардааст. Пас аз тамдиди ин қарордоди қатъи, барқ дар Кобул то ҳудуди коҳиш ёфтааст.

Ширкати Брешно ҳамвора дар посӯх ба интиқодоти шаҳрвандон аз қатъи тулони муддати барқ, мушкилоти фаннӣ дар шабакаи барқии кившарҳои содир  кунанда, аз ҷумла Узбакистонро баҳона меовард, аммо акнун маълум шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон ба далели адами пардохти пули барқ аз сӯйи ширкати Брешно ба кишвари Узбакистон, пеш аз як моҳ бо бебарқии мудавом дасту панҷа нарм кардаанд.

Аз сӯйи дигар, дар моҳҳои гузашта, ки барқ ба сурати мудавом қатъ буд ва шаҳрвандон дар шабона рӯз камтар аз ду соат барқ доштаанд,  сарфиаи барқи барои бисёре аз хонаҳо, бештар аз моҳҳои гузашта омадааст.

Ин масъала нишон маедиҳад, ки фасод, дар ширкати Брешно таҳти кантроли гурӯҳи Толибон низ решаи амиқ давонда аст ва ин гурӯҳ пули сарфияи барқро аз шаҳрвандон ҷамъоварӣ ва  ҳайфу майл мекунанд ва баҳои барқи воридотиро дар замони мушахаси он ба он кишварҳо  пардохт намекунад.

Бештар бихонед:

Барчасп