Январ 11, 2023 21:33 Asia/Dushanbe
  • Дар Қирғизистон баландошёнаҳоро бо зуболаҳои маҳаллӣ гарм мекунанд
    Дар Қирғизистон баландошёнаҳоро бо зуболаҳои маҳаллӣ гарм мекунанд

Бориши барфу сармо кишварҳои Осиёи Марказиро бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ кардааст.

Сахттарин давраи зимистони пурбарфу сармо дар саросари Осиёи Марказӣ мардум ва дастгоҳҳои давлатии ин кишварҳоро бо мушкилоти шадид мувоҷеҳ кардааст.

Ба гузориши ИРНА, бузургроҳҳо дар Қазоқистон масдуд шудаанд, мактабҳо дар Тоҷикистон баста шудаанд, дарахтону дакалҳои барқ дар Узбакистон дар ҳоли суқут ҳастанд ва мақомоти Қирғизистон аз сокинони биноҳо мехоҳанд барои ҷилавгирӣ аз ях задани лӯлаҳои об панҷараҳои зерзаминро бибанданд.

Хадамоти миллии мудирияти роҳ дар Қазоқистон эълом кард, 60 ҷоддаро ба далели сармои шадиди минуси 30 дараҷа дар ин кишвар бастааст.

Дар Қазоқистон ба афроде бо васоили нақлияи дизелӣ дастур дода шудааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ронандагӣ накунанд, зеро коҳиши ҳарорати ҳаво метавонад мунҷар ба хатари ях задани системаҳои сӯхти мошин шавад.

Шароити номуносиби зимистонӣ боис шудааст, ки мақомоти ҳавопаймоӣ дар Узбакистон ҳам теъдоди зиёде парвози дохиливу хориҷиро мутаваққиф кунанд.

 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ эълом кард, таътилоти зимистонӣ то 16 январ ба далели сармои шадид тамдид мешавад.

Бисёре аз хонаводаҳо дар саросари Тоҷикистон ба хотири сардии зиёди ҳаво ва мушкили камбуди васоили гармоишӣ, сармои тоқатфарсоро таҳаммул мекунанд.

Дар Қирғизистон теъдоди на чандон каме аз соҳибони хонаҳои баландошёна бо сухтани уҷоқҳои худ бо зуболаҳои хонагӣ, хонаҳои худро гарм карданд.

Дар ин миён Туркманистон ҳам аз сармо дар амон намондааст, ба тавре ки ҳарорати ҳавои Ишқобод, пойтахти ин кишвар дар шаби 10 январ ба 6 - дараҷаи сонтиград коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, сайти ҳавошиносии “Метеожурнал”-и Русия сармои шадид дар чанд рӯзи ояндаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ кардааст.

 

Барчасп