Январ 15, 2023 12:08 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти Афғонистон меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Созмони Милал
    Вазъияти Афғонистон меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Созмони Милал

Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ва муъовини аввали дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дидори дар шаҳри Тошканд вазъияти Афғонистонро барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бахтиёр Саъидов, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ва Омина Муҳаммад, муъовини аввали дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дидори дар шаҳри Тошканд ваъзияти Афғонистонро барраси карданд.

Муҳаммад таъкид кард, ки дар солҳои ахир гуфтугу байни Узбакистон ва Созмони Милали Муттаҳид ба таври қобили таваҷуҳ рушд ёфта ва ба сатҳи кайфии ҷадиди расида аст.

Дар ин дидор ҳамчунин масоили созмони ва барномаи маросимҳои муштарак барномарези шуда барои соли 2023 аз ҷумла нишасти ҳамбастагии Самарқанд барои амният ва шукуфоӣ муштарак биступанҷумин нишасти маҷмаъи умумии созмони ҷаҳонии гардишгарӣ ва дигар мавзуъот мавриди барраси қарор гирифт.

Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон гузоришеро дар мавриди аҳамияти ибтикори раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар мавриди ташкили як гуруҳи музокиракунандаи байналмилалӣ дар сатҳи боло барои тамҳидот ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти Афғонисон барои иҷрои марҳалаӣ таъаҳудоти тарафайн дар ихтиёри намояндагони Созмони Милали Муттаҳид қарор дод.

Узбакистон 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид шуд.

Барчасп