Январ 18, 2023 20:03 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили 225 адад дурбини модуни сурхи Амрико ба Узбакистон
    Таҳвили 225 адад дурбини модуни сурхи Амрико ба Узбакистон

Сафорати Амрико дар Тошканд барои неруҳои марзии Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон 225 адад дурбини модуни сурх эҳдо кард.

Ба гузориши “Форс”, Бахтиёр Мансуров, муовини фармондеҳи неруҳои марзии Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон ин дурбинҳоро таҳвил гирифт.

Арзиши ин таҷҳизот эҳдои 600 ҳазор доллар аст.

Намояндагони сафорат ибрози умедворӣ карданд, ки таҷҳизоти назоратии эҳдошуда тавоноии неруҳои марзиро дар ҳифозат аз марзҳои давлатии Узбакистон, гаштзанӣ дар «марзи сабз» беҳбуд ва имкони вокуниши сареъ ба ҳаводиси марзиро фароҳам кунад.

Намояндагони сафорат гуфтанд, бунёди манъи густаришу халъи силоҳ (NDF), ки дар соли 1994 мелодӣ таъсис шуд, ба давлати Амрико имкони вокуниши сареъ дар мавқеиятҳои пешбининашуда ё печида дар заминаи манъи ашаъа ва халъи силоҳ, ки мусталзими ҳаллу фасли фаврӣ аст, фароҳам мекунад.

 

Барчасп