Паҳподи «АНКА» охирин хариди Қирғизистон аз Туркия
Раиси дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон аз хариди 4 навъ паҳпод аз Туркия хабар дод.
Ин паҳподҳоро Қирғизистон аз ҳисоби подошҳои пардохтнашудаи кормандони давлатӣ харидорӣ кардааст.
Дайирбек Орунбеков, раиси дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон аз хариди 4 навъ паҳподи “AKSUNGUR”, “Bayraktar TB2”, “AKINCI” ва “ANKA” аз Туркия хабар дод.
Бо тавваҷуҳ ба ин ки хариди 3 навъ паҳподи “Bayraktar”, “AKINCI” ва “AKSUNGUR” пештар эълом шуда буд, акнун мушаххас шуд, ки Қирғизистон паҳподи “ANKA” -ро аз Туркия харидорӣ кардааст.
Орунбеков теъдоди таҷҳизоти харидоришударо зикр накард, аммо гуфт, ки хариди паҳподҳои “AKSUNGUR”, “Bayraktar TB2”, “AKINCI” ва “ANKA” аз ҳисоби подошҳои семоҳаи пардохтнашуда ба кормандони давлатӣ харидорӣ шуда ва аз кормандон хоста шудааст, ба хотири адами пардохти подошҳои худ нороҳат набошанд, зеро ин маблағ дар роҳи таъмини амнияти кишвар харҷ шудааст.