Марги даҳҳо кӯдаки афғон бар асари бемории танаффусӣ
Бемориҳои танаффусӣ ба далели камбуди имконоти ношӣ аз таҳримҳо ва тавқифи дороиҳои афғонистонӣ тавассути Амрико дар вилояти Бағлон ҷони 50 кӯдакро гирифт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, масъӯлони бемористон дар Бағлон воқеъ дар шимоли Афғонистон марги камаш 50 кӯдак дар ин вилоят ба далели ибтило ба бемориҳои танаффусиро таъйид карданд .
Бар асоси омори мунташиршуда аз сӯи манобеи бемористонӣ дар Бағлон дар як моҳи гузашта ҳазор кӯдак дар ин вилоят ба бемориҳои танаффусии мубтало шудаанд .
Афғонистон, ки аз сӯи Амрико таҳти шадидтарин таҳримҳо қарор дорад бо камбӯди дору ва имконоти пизишкӣ дасту панҷа нарм мекунад ва созмонҳои башардуст аз моҳҳо пеш дар мавриди ташдиди вахомати авзоъ дар фасли зимистон ҳушдор дода буданд .
Сандӯқи наҷоти кӯдакон дар моҳи декабри соли 2022 аз марги 135 кӯдаки афғон бар асари ибтило ба бемориҳои танаффусӣ хабар дода буд .
Дар гузориши Сандӯқи наҷоти кӯдакон фурӯпошии системаи беҳдошту дармони Афғонистон дар паи тавқиф шудани дороиҳо ва таваққуфи кумакҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин кишвар далели маргу мири физояндаи кӯдакони афғон эълом шудааст .
Бештар бихонед :