Январ 21, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Афғонистон барои таъмини амнияти тарҳи ТАПИ

Ҳукумати Толибон барои ташкили нерӯи вижаи таъмини амнияти тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз Афғонистон ба Ҳинду Покистон мавсум ба тарҳи ТАПИ эъломи омодагӣ кард.

Тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз тариқи Афғонистон ба Покистону Ҳинд беш аз бист сол аст, ки ҳануз иҷрои он оғоз нашудааст. Қарордоди аввалияи тарҳи ТАПИ дар соли 2008 миёни се кишвари Афғонистон, Покистону Ҳинд ба унвони зинафъони тарҳи ТАПИ ва харидорони гази Туркманистон имзо шуд ва қарордоди аввалия миёни се кишвар бо Туркманистон низ дар соли 2010 ба имзо расид. Агарчӣ гуфта шуда буд, ки ин тарҳ то соли 2018 бояд такмил шавад, аммо ҳамчунон қадами ҷиддӣ барои такмили ин пружаи газӣ бардошта нашудааст.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии кабина гуфт, ҳарчанд масъулони ин гуруҳ дар дидор бо масъулони иҷрои тарҳи интиқоли гази Туркманистон аз хоки Афғонистон ба ҳинду Покистон аз таъмини амнияти ин тарҳ дар хоки Афғонистон итминон доданд, аммо дар сурати ниёз, Толибон барои ташкили нерӯи вижаи амниятӣ барои таъмини амнияти тарҳ, омодагии комил дорад.

Вай тасреҳ кард, тавсеаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии минтақа, масъулияти муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва бояд иқдомоти муштарак анҷом шавад.

Ҳафтаи гузаштаи раиси иҷроии тарҳи ТАПИ дар сафар ба Афғонистон бо масъулони баландпояи ҳукумати ин кишвар дар бораи иҷроӣ шудани ин тарҳ дидору гуфтугу карданд.

Амнияти тарҳи ТАПИ дар хоки Афғонистон ва низ тамаллуки арозии масири ин тарҳ дар дидори масъулони ин тарҳ бо мақомоти ҳукумати Толибон мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

 

Барчасп