Такрори ваъдаи ҳали мушкилоти занон дар Афғонистон
Мақомоти Толибон якбори дигар ваъдаи рафъи мамнуъияти кор барои занонро дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдураҳмон Ҳабиб сухангуи Вазорати иқтисоди Толибон имруз гуфт талош барои аз саргирии кори бонувон дар ниҳодҳои ғайриҳукумати идома дорад.
Ҳабиб бо гуфтани ин ки бонувон дар ниҳодҳое, ки ба ҳузури онҳо эҳтиёҷ аст иҷозаи кор дарёфт хоҳанд кард афзуд: Кори бонувон дар муассисоти ғайридавлати дохили ва хориҷи барои муддате мутавақиф шуд ва талош мекунем то роҳи ҳалли муносиби барои бахшҳои ба ҳузури ҳузури занон ниёзи мубрам доранд биёбем.
Бисёри аз созмонҳои башадусти хориҷии фаъол дар Афғонистон пас аз манъи занон аз идомаи кор ниҳодҳо ва созмонҳои ғайридавлати қисмати аз фаъолиятҳои худ дар Афғонистон мутавақиф карданд.