Гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистону Туркманистон
(last modified Fri, 27 Jan 2023 12:52:46 GMT )
Январ 27, 2023 17:52 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистону Туркманистон

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо якдигар, охирин вазъияти ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон ва Сардор Бердимуҳаммадов, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон имрӯз – ҷумъа, ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ, зимни табрик ба якдигар, бар густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, байнипорлумонӣ ва ҳамчунин соири ҷанбаҳои таомул дар чорчӯби мушорикати роҳбурдии ду кишвар таъкид карданд.

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон омодагии худро барои идомаи таомули фаъол дар заминаҳои муҳими масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом карданд.

Равобити сиёсӣ байни Тоҷикистону Туркманистон ба унвони ду кишвари мустақил дар 27 январи 1993 бо имзои протокол “Дар мавриди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон» барқарор шудааст.