Январ 30, 2023 20:22 Asia/Dushanbe
  • Азми Русия ва Туркманистон барои эҷоди маркази луҷестики дар Астрахан
    Азми Русия ва Туркманистон барои эҷоди маркази луҷестики дар Астрахан

Ёдошти тафоҳум байни мудирони маркази ҳамлунақли Туркманистон ва минтақаи вижаи  иқтисодии Лотоси Русия дар ҷиҳати иҷрои тарҳҳои сармоягузори барои эҷоди маркази луҷестики дар минтақаи вижаи иқтисодии бандари Астрахан имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар асоси ин тафоҳумнома пас аз омодасозии тарҳо тавасути тарафи туркман ва арзёбии авалияи сармоягузорҳои лозим нақшаи роҳ дар ҷиҳати иҷрои ин тарҳ таҳия ва тавофуқномае дар хусуси эҷоди як маркази луҷестики имзо хоҳад шуд.

Мудири кулли JSC минтақаи иқтсиодии Лотос муътақид аст зуҳури маркази луҷестикии Туркманистон дар Астрахан ангезаи муҳими барои тавсеъаи ҳамлунақли бор аз Осиёи Марказӣ ба Русия хоҳад буд зеро ин амр имкони пайвасти дигар кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба дарёи Хазар надорандро ба каридури ҳамлунақли байналмилалии шимол-ҷануб медиҳад дар ин росто қаблан Узбакистон ва Қирғизистон ибрози алоқаманди карданд.

Трофики бор аз тариқи масири шарқи каридури ҳамлунақли байналмилалии шимол-ҷануб, ки аз Туркманистон мегузарад ба суръат дар ҳоли рушд аст ҳамонтавре, ки дар давоздаҳумин нишасти комисяи байни давлатии Туркманистон ва Русия дар заминаи ҳамкориҳои иқтисоди ишора шуд дар соли 2021 ҳудуди 700 тона маҳмула ва дар 11 моҳи соли 2022 тақрибан 62 ҳазору 200 кантнер аз тариқи ин масир транзит шуда аст.

Барчасп