Ихроҷи ду амрикоӣ аз Қирғизистон ба иттиҳоми ҷосусӣ
(last modified Wed, 14 Dec 2016 14:02:25 GMT )
Декабр 14, 2016 19:02 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи ду амрикоӣ аз Қирғизистон ба иттиҳоми ҷосусӣ

Як мақоми амниятии ситоди буҳрон дар шаҳрдории Уши Қирғизистон аз дастгирии ду амрикоӣ ба ҷурми ҷосусӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин мақоми амниятии қирғиз, ки хост номаш фош нашавад, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ду шаҳрванди амрикоӣ ба ҷурми фаъолиятҳои мухарриб, ҷосусӣ ва амалиёти таҳқиқотии бидуни доштани муҷаввиз, аз Қирғизистон ихроҷ шуданд.

Мақоми амниятии қирқиз ҳамчунин гуфт, ахиран 9 амрикоитабори дигар, ки онҳо низ машкук ба фаъолиятҳои ҷосусӣ дар Қирғизистон буданд, дар ҷануби ин кишвар боздошт шудаанд.

Равобити ақвом дар ҷануби Қирғизистон дар шароити печидае аст ва пас аз инқилоби соли 2010, дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолобод ҷанги байн ақвоми узбак ва қирқиз ҳудуди 450 нафар кушта ва ҳазору 900 захмӣ бар ҷой гузошт.

Ҳангоми ин даргириҳо дар баъзе манотиқи шаҳри Уш силоҳҳои амрикоӣ ёфт ва мусодира шуда буд.