Дархости ҳукумати Толибони Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба таъомул
(last modified Thu, 02 Feb 2023 05:57:22 GMT )
Феврал 02, 2023 10:57 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳукумати Толибони Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба таъомул
    Дархости ҳукумати Толибони Афғонистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба таъомул

Сапарасти Вазорати умури дохилаи ҳукумати Толибони Афғонистон, таъомули ҷомеъаи ҷаҳониро бо ин ҳукумат, хостор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сироҷиддини Ҳақонӣ сарпарасти Вазорати дохилаи ҳукумати Толибони Афғонистон дирӯз чаҳоршанбе гуфт: Ҷаҳон барои таъомул бо ин ҳукумат ҳанӯз баҳонаҷӯйи мекунанд.

Ҳақонӣ афзӯд: Ҷаҳон  бояд аз ифрот ва ақидагушои дар баробари мардуми Афғонистон даст бардорад ва бо эҳтироми инсоният, Афғонистонро ҳимоят молӣ кунад.

Амрико пас аз бист сол ишғолгарӣ дар Афғонистон аз замони ба қудрат расидани  гурӯҳи Толибон дар ин кишвар ҳудуди 10 миллиард доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистонро булук ва тасоҳуб карда, ин иқдом вазъияти иқтисодӣ ва молии ин кишварро вахим кардааст.