Баргузории маросими 30-умин солгарди барқарории равобити Туркманистон ва Узбакистон
Маросими 30-умин солгарди барқарории равобити дипломотики Туркманистон ва Узбакистон бо ҳузури мақомоти аршади ду кишвар баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин маросим намояндагони расмии давлат, раисони созмонҳои умумӣ ва ҷомеъаи халоқи Туркманистон, дипломатҳои сафорати Узбакистон дар Ашқобод, раисони дастгоҳҳои дипломатии муътабар дар Туркманистон ва намояндагони мардум ҳузур доштанд.
Рашид Муродов, вазири корҳои хориҷаи Туркманистон ва Кучкаров, сафири Узбакистон дар Ашқобод дар ибтидо суханрони карданд.
Дар ин суханрониҳо хотирнишон шуд, ки иртибот дар болотарин сатҳ ва гуфтугуи боз ва қобили эътимод байни ду кишвари бародар пояи муҳками барои вазъияти кунунии равобити стратежики ташкил медиҳад.
Тарафайн унвон карданд: Таъомули сиёсии фаъол байни ду кившар, ки бо мувафақият дар сутуҳи дуҷониба ва чандҷониба тақвият шуда аст дар ҷиҳати рушди пешравии тиҷорат ва мушорикати иқтисодӣ барҷаста шуд ва худашро нишон дода аст.
Дар ин маросим бар аҳамияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардустона дар тақвияти равобити дуҷониба, ки мубтани бар таърих, суннатҳо, забон ва арзишҳои маънави муштарак аст таъкиди вижа шуд.