Тавсеаи равобит, меҳвари дидори мақомоти Узбекистону Фаластин
(last modified Sun, 05 Feb 2023 13:34:41 GMT )
Феврал 05, 2023 18:34 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобит, меҳвари дидори мақомоти Узбекистону Фаластин

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбекистон ва сафири Фаластин дар ин кишвар дар дидоре дар шаҳри Тошканд, чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Бахтиёр Саидов, сарпарасти вазорати хориҷаи Узбекистон ва Ҷавод Муҳаммад Авод, сафири Фаластин дар ин кишвар дар ин дидор барои ҳамкории тарафайн дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва соири ниҳодҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа доштанд.

Тарафайн дар мавриди баргузории маросимҳои муштараки қарибулвуқуъ дар сутӯҳи мухталиф, табодули назар карданд.

Фаластин истиқлоли Узбекистонро дар таърихи 30 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва дар 25 сентябри соли 1994 байни ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шуд.