Феврал 16, 2023 19:32 Asia/Dushanbe
  • Тошканд-мизбони шашумин ҳамоиши роҳнамоёни гардишгарӣ

Шашумин « Ҳамоиши роҳнамоёни гардишгарии Узбекистон - 2023 » дар шаҳри Тошканд-пойтахти ин кишвар баргузор шуд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, шашумин « Ҳамоиши роҳнамоёни гардишгарии Узбекистон - 2023 » имрӯз панҷшанбе бо ҳамкории Вазорати фарҳангу гардишгарӣ ва Пажӯҳишкадаи мутолиъоти мероси фарҳангӣ ва тавсеаи гардишгарии Узбекистон баргузор шуд .
Дар ин ҳамоиш мавзӯи « фаъолиятҳои гашту гузор : ҳамкорӣ ва навоварӣ » баррасӣ шуд .
Ин ҳамоиш як ангезаи бузург барои густариши заминаҳои ҷадиди ҳамкорӣ будаву баҳрамандӣ аз фанноварӣ ва навоварӣ ва пружаҳои омӯзишии ҷадид дар ин заминаро мадди назар дорад .
Гуфтанӣ аст 21 феврал ба унвони рӯзи ҷаҳонии роҳнамоёни гардишгарӣ таҷлил мешавад .
 

 

Барчасп