Тавофуқи тиҷории як миллиарддолларии Покистону Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i98826-Тавофуқи_тиҷории_як_миллиарддолларии_Покистону_Узбакистон
Покистону Узбакистон паймони тиҷории якмиллиарддолларӣ имзо карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 24, 2023 21:35 Asia/Dushanbe
  • Паймони тиҷории якмиллиарддолларии Покистон ва Узбакистон
    Паймони тиҷории якмиллиарддолларии Покистон ва Узбакистон

Покистону Узбакистон паймони тиҷории якмиллиарддолларӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадисҳоқи Дор, вазири умури дороии Покистон ва Лазиз Қудратов, вазири санъат ва тиҷорати Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳаштумин нишасти комиссияи байнидавлатии Покистону Узбакистон дар шаҳри Тошканд, ин паймони тиҷории якмиллиарддоллариро имзо карданд.

Ин паймон бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ ва бонкӣ, аз ҷумла мубодилаи коло ва хадамот қарордоди тиҷорӣ имзо шудааст.