Декабр 16, 2016 21:28 Asia/Dushanbe
  • Таркиби ҷадиди кобинаи давлати Узбакистон

Раиси ҷумҳурии Узбакистон тайи аҳкоме теъдоде аз мақомоти ин кишварро барканор ва ба ҷойи онон афроди ҷадидеро дар мансабҳои давлатӣ ба кор гирифт.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории “Форс”, бар асоси фармонҳои ҷадиди Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Абдуллоҳ Орифов ба симмати нахуствазир Узбакистон, Очилбой Раҳматов ба симмати муовини аввали нахуствазир, Рустам Азимов ба симмати муовин нахуствазирм Узбакистон мансуб шуданд.

 Ҳамчунин Зоир Мирзоев ба вазифаи вазири кишоварзӣ ва манобеи об ва Ғуломҷон Иброҳимов ба симмати муовини нахуствазир ва раиси муҷтамаи  масоили заминшиносӣ интихоб шуданд.

Улуғбек Рӯзиқулов ба унвони раиси ширкати саҳҳомии Узавто саноат ва Адҳам Икромов ба унвони вазири беҳдошти ин кишвар аз сӯйи раиси ҷумҳурии Узбакистон ҳукм гирифтанд.

Танзила Норбоева низ ба симмати муовини нахуствазири Узбакистон ва раиси Кумитаи занони Узбакистон мансуб шуд.

Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон, ки чаҳоруми декабр баргузор шуда буд, бо касби беш аз 88 дарсади раъй ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар интихоб шуд.