Тавофуқи Узбакистон ва Озарбойҷон барои таъсиси бунёди сармоягузории 500 миллиондолларӣ
Мақомоти Узбакистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавриди таъсиси бунёди сармоягузории муштарак бо сармояи аввалия муодили 500 миллиондоллар тавофуқ карданд.
Мақомоти Узбакистон ва Озарбойҷон дар чорчӯби ҳамоиши минтақаии ду кишвар дар шаҳри Тошканд, дар мавриди таъсиси бунёди сармоягузории муштарак бо сармояи аввалия муодили 500 миллиондоллар ба тавофуқ расиданд.
Дар ин ҳамоиши минтақаӣ аз тарафи Узбакистон Лазиз Қудратов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва тиҷорати хориҷӣ, Бахтиёр Саидоф, сарпарасти вазорати умури хориҷаи ин кишвар ва аз тарафи Озарбойҷон Микоил Ҷабборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон ва ҳамчунин раисони вазоратхонаҳо, идорот, иттиҳодияҳои асноф, бонкҳои тиҷоратӣ, утоқҳои бозаргонӣ ва саноат ва маҳофили бозаргонии манотиқи ду кишвар ширкат карданд.
Намояндагон ду кишвар ҳамчунин бар аҳаммияти тавсеа ва иҷрои тарҳҳо ва ибтикороти муштарак дар замина ҳамкориҳои байниминтақаӣ таъкид карданд.
Дар чорчуби ин ҳамоиш теъдоде асноди муҳим дар заминаи барқарории равобити бародархондагӣ байни чанд шаҳрҳои ин кишварҳо ба имзо расид.