Тарҳҳои муштарак меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i98886-Тарҳҳои_муштарак_меҳвари_дидори_мақомоти_Узбакистон_ва_Тоҷикистон
Муовини вазири хориҷаи Узбакистон ва сафири Тоҷикистон чигунагии афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои мухталифи саноатиро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 25, 2023 20:50 Asia/Dushanbe
  • Тарҳҳои муштарак меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Тоҷикистон

Муовини вазири хориҷаи Узбакистон ва сафири Тоҷикистон чигунагии афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои мухталифи саноатиро баррасӣ карданд.

Бахромҷон Аълоев, муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар дар дидоре дар шаҳри Тошканд пешҳодоти афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои мухталифи саноатиро баррасӣ карданд.

Тарафайн дар ин дидор дар мавриди раванди иҷрои тавофуқоти ба даст омада дар сатҳи олӣ, табодули назар карданд. Ҳамчунин тамҳидоти дидорҳои барномарези шуда дар қолабҳои дуҷониба ва чандҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Илова бар ин, пешниҳодот барои афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои мухталифи саноатӣ низ баррасӣ шуд.

Мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2022  ҳудуди 503 миллиондоллар буд.