Ҳамкории Қазоқистон ва СММ барои тавсеаи энержии ҳастаӣ
Коршиносони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Қазоқистон барои кумак ба беҳбуди тавсеаи зерсохтҳои энержии ҳастаӣ дар ин кишвар оғоз ба кор карданд.
Вазорати энержии Қазоқистон эълом кард, коршиносони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) барои кумак ба коршиносони қазоқ дар беҳбуди тавсеаи зерсохтҳои энержии ҳастаӣ вориди Остона шудаанд.
Бар асоси эъломи вазорати энержии Қазоқистон, то 3 март, намояндагони Ожонси байналмилалии энержиии атомӣ ба ҳамроҳи намояндагони вазоратхонаҳо ва идороти Қазоқистон, бахши густурдае аз мавзуотро дар мавриди тавсеаи зерсохтҳои энержии ҳастаии Қазоқистон, аз ҷумла сохти аввалин нерӯгоҳи ҳастаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Коршиносони Ожонси байналамилалии энержии атомӣ таъкид карданд, ҳадаф аз ин маъмурият ҳимоят аз Қазоқистон дар тавсеаи гузориши ҷомеъ аз тариқи табодули таҷрибиёт бо коршиносони байналмилалӣ аст.