Ҳамлу нақл меҳвари ройзании мақомоти Узбекистон ва Покистон дар Тошканд
Сапарасти Вазорати умури хориҷаи Узбекистон ва сафири ҷаддиди Покистон тавсиаи иртиботот аз ҷумла дар заминаи ҳамлу нақл байни дукишварро баррасӣ карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Бахтиёр Саъидов сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Узбекистон ва Аҳмад Форуғ сафири ҷадиди Покистон дар ин кишвар дар дидоре дар шаҳри Тошканд тавсиаи равобити ҳамлу нақл-иртиботи байни дукишварро баррасӣ карданд.
Дар ин дидор пешниҳодоте барои тавсиаи беш аз пеши диёлуги сиёсии Узбекистон ва Покистон, равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ҳамлу нақл ва иртибототӣ ва ҳамчунин табодулоти байни минтақаӣ ва фарҳангӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сайидалӣ Асади Гилонӣ сафири қабли Покистон дар Узбекистон буд.
Арзиши табодулоти бозаргонии Узбекистон ва Покистон дар соли 2022 мелодӣ ҳудуди 240 миллион доллар буд.
Покистон истиқлоли Узбекистонро 22 декабри 1991 ба расмият шинохт