Март 21, 2023 21:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳуқуқи башар меҳвари ройзании мақомоти Қазоқистон ва Созмони Милал
    Ҳуқуқи башар меҳвари ройзании мақомоти Қазоқистон ва Созмони Милал

Комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар сафари ба Отсона бо раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дидору гуфтугу кард.

Қосим Жорамат Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо Волкер Турк, комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дидор кард, Тоқаев ба аҳамияти сафари Турк барои тақвияти бештари ҳамкории байни Қазоқистон ва дафтари комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ишора кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон аз омодагии кишвараш барои барқарории тамосҳои наздик ва табодули иттилоъот дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар хабар дод.

Тоқаев гуфт: Қазоқистон тамоми камисюнҳо ва пратаколҳои аслии Созмони Милалро тасвиб карда аст меканизмҳои кори барои таъомули фаъол дар заминаи ҳуқуқи башар дар сатҳи милли эҷод шуда аст.

Комисари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба навбаи худ аз Тоқев барои истиқболи гарм ташакур кард ва сатҳи ҳамкории байни ин созмон ва мақомоти Қазоқистон дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи башарро, ки дар тули солҳо рушд ёфта аст мусбат арзёби кард.