Ноябр 07, 2023 18:27 Asia/Dushanbe
  • Пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқу Сурия дар чандин навбат ҳадафи ҳамалоти паҳподии Муқовимати исломии Ироқ қарор гирифт
    Пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқу Сурия дар чандин навбат ҳадафи ҳамалоти паҳподии Муқовимати исломии Ироқ қарор гирифт

Муқовимати исломии Ироқ аз ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Эрбил хабар дод.

Ба гузориши “Бағдод алявм”, муқовимати исломии Ироқ рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар Ҳарири Эрбил, шимоли Ироқ бо ду паҳпод ҳадаф қарор гирифт.

Рӯзи гузашта низ муқовимати исломии Ироқ дар баёнияе эълом кард, дар 6 амалиёти низомии худ пойгоҳҳои амрикоии Айнуласад, Эрбил, Тел Бейдар ва Танфро ҳадаф қарор додааст.

Дар рӯзҳои гузашта пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқу Сурия дар чандин навбат ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ, ракетӣ ва мушакии муқовимати исломии Ироқ қарор гирифт.

Муқовимати исломии Ироқ ба дунболи ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико аз режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Ғазза ва пас аз бомбаборони бемористони Алмаъмадонии Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ ба Амрико ҳушдор дода буд, ки аз ин пас ҳамалот алайҳи пойгоҳҳои амрикоӣ дар хоки Ироқ оғоз мешавад.

Тибқи омори Вазорати беҳдошти Фаластин, дар як моҳи ахир беш аз 10 ҳазор нафар дар Ғазза шаҳид шуданд, ки 40 дарсади онҳо кӯдак буданд.

 

Барчасп