Декабр 24, 2023 13:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди шуҳадои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги Ғазза ба 122 нафар
    Афзоиши теъдоди шуҳадои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷанги Ғазза ба 122 нафар

Шумори шуҳадои ҷумбиши Ҳизбуллоҳ дар натиҷаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон аз ҳафтуми октябр оғози ҷанг зидди Ғазза токунун ба 122 нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс ҷумбиши Ҳизбуллоҳ рузи шанбе аз шаҳодати як размандаи дигари ин ҷумбиш дар натиҷаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнон хабар дод.

Бинобар гузориши шабакаи Алминор ҷумбиши Ҳизбуллоҳ дар баёнияӣ эълом кард ки размандаи муҷоҳид Ҳасан Абдунабии Тилис Солеҳ аз шаҳраки Бритол воқеъ дар Албақоъ бар асари шиддати ҷароҳати ворида дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Бо шаҳодати ин размандаи Ҳизбуллоҳ теъдоди шуҳадои ин ҷумбиш аз 7 октябр оғози ҷанг зидди Ғазза токунун ба 122 нафар расид.

Ҷумъаигузашта низ Ҳизбуллоҳ аз шаҳодати се размандаи худ дар даргирӣ бо низомиёни артиши режими саҳюнистӣ дар наздикии марзи Лубнон хабар дод.

Аз суи дигари Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард ки теъдоди шуҳадои Ғазза аз 7 октябр токунун ба 20 ҳазору 258 нафар ва теъдоди захмиҳо низ ба 53 ҳазору 688 нафар расид.

Барчасп