Феврал 03, 2024 13:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ва британияӣ ба шимоли Яман

Манобеъи яманӣ бомдоди шанбе эълом карданд, ки ҷангандаҳои амрикоӣ ва британияӣ се бор ба шаҳри Саъда дар шимоли Яман ҳамла карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,чанд соат пеш низ манобеъи хабарӣ аз ҳамалоти нави Амрико ба шаҳри Саъда хабар дода буданд.

 Ҳамчунин манобеъи расонаӣ асри ҷумъа аз ҳамалоти ҳавоии Амрико ва Британия ба манотиқе дар устони Ҳиҷҷаи Яман хабар доданд.

Дар ҳамин росто як манбаъ амниятии Яман гуфт: Ҷангандаҳои мутаҷовизон чаҳор ҳамларо ба минтақаи «Алҷар» дар шаҳристони Абас анҷом доданд.

Ин манбаъ дар ин бора таъкид кард: Ин таҷовуз бидуни посух ва муҷозот боқӣ нахоҳад монд.

 Амрико ва Британия бомдоди 11 январ дар пайи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллал ҳамла ба Яманро оғоз карданд.

 Ин ҳамлаҳо пас аз он анҷом шуд, ки артиши Яман тайи ҳафтаҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои роҳии сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

 Неруҳои артиши Яман уҳдадор шудаанд то замоне, ки режими Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро бас накунад, ҳамалот ба киштиҳои ин режим ё киштиҳои роҳии сарзаминҳои ишғолиро идома хоҳанд дод.

 Неруҳои артиши Яман таъкид кардаанд, ки киштиронӣ дар халиҷи Адан ва баҳри Сурх барои дигар киштиҳо озод аст ва онҳо аз амнияти комил бархурдор ҳастанд.

 

Барчасп