Феврал 03, 2024 17:03 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи нахуствазири Ироқ, амалиёти низомии Амрико дар Ироқро маҳкум кард

Сухангӯи нахуствазири Ироқ дар иттилоияе зимни маҳкум кардани амалиёти низомии Амрико дар ҳадаф қарор додани бархе пойгоҳҳои низомии Ироқ дар ду минтақаи Алқоим ва Аккошот, идомаи ҳузури нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар Ироқро омили бесуботии ин кишвар тавсиф кард.

  Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Бағдод, дар иттилоияи сухангӯи нахуствазири Ироқ зимни маҳкум кардани амалиёти низомии Амрико ҳамчунин изҳороти амрикоиҳо, ки гуфта буданд қабл аз анҷоми ҳамла ба давлати Ироқ иттилоъ додаанд низ дуруғ ва беасос эълом шудааст.

Сухангӯи давлати Ироқ бо таъкид бар инки амрикоиҳо ҳокимияти Ироқро поймол карданд, афзуд: Намехоҳем сарзамини Ироқ ва ҳокимияти ин кишвар ба маконе барои тасфияи ҳисобҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ бадал шавад.

 

Барчасп