Баргузории ҷашни иди Ғадир дар Эрон бо унвони меҳмонии 10 километрӣ
Маросими ҷашни иди саиди Ғадири Хум дар Теҳрон бо унвони меҳмонии 10 километрӣ, асри дирӯз - сешанбе бо ширкати ақшори мухталифи мардуму гуруҳҳои фарҳангиву ҳунарӣ баргузор шуд.
Рӯзи сешанбе, ҳаждаҳуми зилҳаҷҷаи соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 25 июни 2024 рӯзи иди саиди Ғадири Хум, иди бузурги мусулмонон буд. Ба ҳамин муносибат дар саросари Эрони исломӣ, аз ҷумла Теҳрон ҷашни иди Ғадир густарда баргузор шуд.
Ба гузориши Ирна, ҷашни иди Ғадир дар Теҳрон - бузургтарин ҷашни иди Ғадири Хум дар ҷаҳон аст, ки ҳазорон нафар дар Теҳрон ба хиёбонҳо омада ва ин рӯзро ҷашн гирифтанд.
Ҳаждаҳуми зилҳаҷҷа иди саиди Ғадири Хум – рӯзе аст, ки паёмбари Ислом Алӣ Ибни Абитолиб (а)-ро барои раҳбарии ҳукумати исломӣ баргузид.
Воқеаи Ғадир, ки ба мавзӯи имомати амири муъминону ҷонишинии паёмбари акрам (с) ишора дорад, мавзӯи иттисоли набувват ба имомат ва аз муҳимтарин аъёди мусулмонон ба шумор меояд.
Дар аҳодиси шиа таобире ҳамчун идаллоҳилакбар (бузургтарин иди илоҳӣ), иди аҳли байти Муҳамад (с) ва ашрафилаъёд (волотарин ид) барои ин рӯз ба кор рафтааст.
Дар ҷашни Ғадири Теҳрон ҳамчунин пӯиши ҳадяи асбоббозӣ баргузор шуд, ки дар он кӯдакони ширкаткунанда дар ҷашни Ғадир асбоббозӣ дар ихтиёри ин пӯиш қарор медиҳанд то ба дасти кӯдакони мазлуми Ғазза бирасад.
Пӯиши ҳадяи асбоббозӣ дар ду соли гузашта муваффақ ба ҷамъоварии 100 ҳазор асбоббозӣ шуда буд.
Ҷашни Ғадир дар шаҳрҳои дигари Эрон низ дар авҷи шукуҳу шодӣ баргузор шуд.