Сентябр 16, 2024 12:04 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳафтаи ваҳдат ва табрики солрӯзи вилодати Паёмбари гиромии Ислом (с)

Имрӯз душанбе, давоздаҳуми рабеъ-ул-аввал 1446 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 16 сентябри 2024, ба ривояте солрӯзи вилодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), Паёмбари гиромии Ислом (с) ва оғози Ҳафтаи ваҳдат аст.

Аҳли суннат, давоздаҳуми рабеъ-ул-аввал ва шиаён ҳафдаҳуми ин моҳро солрӯзи вилодати Паёмбари гиромии Ислом (с) медонанд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳоду наздик шудани гуруҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосила байни ин ду таърих (12 то 17 рабеъ-ул-аввал)-ро «Ҳафтаи ваҳдат» номгузорӣ карданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон оғози Ҳафтаи ваҳдат ва вилодати Паёмбари гиромии Ислом (с)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегуяд.

 

Барчасп