Қуръон дар бархӯрд бо золимону ҳимоят аз мазлӯмон чӣ дастуре медиҳад?
Порс тудей - Худованд барои махлуқоташ ҳуқуқе таъйин кардааст, ки тазйиъи онҳо ғазаби илоҳиро ба дунбол дорад ва аз ин рӯ дар Қуръон дастӯроте барои дифо аз мазлӯм ва муқобила бо золимону мутаҷовизон ироа кардааст.
Дар нигоҳи Ислом зулмпазирӣ, мазмум аст ва ҳаргиз рафтори мунфаилона дар баробари зулм мавриди пазириш нест. Яке аз равишҳои бархӯрд бо зулму золим, интиқом гирифтан ва ба навъе ҷуброн кардани он аст; хусусан дар мавориде, ки золимон ҳам ба зулми хеш огоҳанд ва ҳам қасди истимрори онро доранд. Гоҳе зулм, мавзӯи фардӣ нест ва нисбат ба иҷтимо аст. Дар ин ҳолат, бояд бо қудрат ва қуввати бештаре бархӯрд кард. Дар ваҳлаи аввал иҷозаи зулм надод ва дар идома дар сӯрати зулми душман, бояд ӯро танбеҳ кард то ҷуръати такрор надошта бошад. Ин бархӯрд ва мутолибаи илоҳӣ то он мизон муҳим аст, ки ҳатто барои он агар лозим бошад, бояд ҷони худро фидо карду бад-ин сон доманаи зулми золимонро барои ояндагон маҳдӯдтар кард. Ҳамосаи азими Ошурои имом Ҳусайн (а), набераи Паёмбари ислом(с) таҷаллӣ ва таҳаққуқи ҳамин биниши қуръонӣ дар мувоҷиҳа бо ситамкорон аст. Ин ҳамоса паёмҳои қуръонии равшане барои мардумони ситамдида ва ситамситез дорад.
Вуҷуби ҳимоят аз мазлӯмон
Қуръон ба мусулмонон фармон медиҳад, ки дар сӯрати дархости мазлӯм ба ёрии ӯ башитобанд. Гоҳ мумкин аст, шахсе аз тарси золим ба ёрии мазлӯм наравад. Дар ҳоле, ки нисбат ба золим гароише надорад. Аммо чунин тафаккуре дар ислом мардӯд аст ва бар ҳар мусулмон лозим аст ба нидои истимдоди мазлӯм посух диҳад. Ба сухани дигар, мусулмони ҳақиқӣ на танҳо гароиш ба зулм ва золим надорад, балкӣ ба кумаки мазлӯмон ҳам мешитобад. Худованд дар оёти 38 ва 39 сӯраи Шуро, яке аз вижагиҳои мусулмононро истодагӣ дар канори ҳам алайҳи зулм медонад. Ояи 75 сураи Нисо низ ба сароҳат ҳимоят аз мазлӯмонро таклифи илоҳӣ бар ӯҳдаи муъминон бар мешуморад.
Дар оёти 13 то 15 сураи Иброҳим ва 39 ва 60 сураи Ҳаҷ низ Худованд, аз дифо ва ҳимояти худ аз ҷабҳаи мазлӯмон дар баробари мутаҷовизон сухан мегуяд то нишон диҳад, ки ёрии мазлӯмону ҷиҳод алайҳи ситамгарон, ба маънои қарор гирифтан дар сафи муъминон аст. Худованд дар ояи 42 сураи Шуро, интиқом гирифтан аз золимонро ҳаққи машрӯъ ва мусаллами ситамдидагон бар мешуморад ва ёдовар мешавад, ки агар мазлӯм дар мақоми интиқом гирифтан, иқдоме кард, набояд сарзаниш шавад, чаро ки ҳаққи муқобила ба мисл барои ӯ маҳфӯз аст.