Занон дар Ислом чӣ ҷойгоҳӣ доранд?
-
Тасвире аз як модари мусулмон, ки дар марказияти хонаводаи қарор гирифта аст
Порс-Тудей. Мавқеу ҷойгоҳи мардон ва занон дар муодилаҳои иҷтимоӣ ва нақши ҳар як дар таҳаввули иҷтимоӣ аз чолишҳои деринаи тафаккур башарӣ буда аст .
Дар тӯли таърих муносибатҳои фардӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба мақоми зану мард тағйироти ҷиддие ба амал омада, баъзан ба зиддиятҳои шадиди байни ҷинсҳо анҷомида аст. Дар ҷомеае, ки Ислом дар он пайдо шуд, занон аз бисёр ҳуқуқҳои асосии инсон маҳрум буданд. Дар ҷомеаи пеш аз исломи араб мақоми зан хеле номуносиб буд ва зан ҳамчун молу коло дониста мешуд. Дар ин матлаб аз Порс-Тудей назаре ба мақоми зан дар ислом андохта шудааст.
Доштани рӯҳи комили инсонӣ
Ислом занро мисли мардон дорои нафси комил, ирода ва озодии инсонӣ медонад ва ӯро дар масири такомул, ки ҳадаф хилқат аст , мебинад , лизо ҳар дуро дар як саф қарор дода ва бо хитобҳои « یا أَیهَا النَّاسُ» ( эй мардум ) ва « یا أَیهَا الَّذِینَ آمَنُوا» ( эй касоне, ки имон овардаед ) мухотаби сохта , барномаҳои тарбиятӣ, ахлоқӣ ва илмиро барои онҳо лозим кардааст .
Худованд дар Қуръон бо оёте мисли «وَ مَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَکَرٍ أَوْ أُنْثَی وَ هُوَ مُؤْمِنٌ فَأُوْلَئِک یدْخُلُونَ الْجَنَّةَ» [ ояи 40 сӯраи ғофр ] ; ( вале ҳар каси кори шоистае анҷом диҳад - хоҳи мард ё зан - дар ҳоле, ки муъмин бошад онҳо ворид биҳишт мешаванд ва дар он рӯзии беҳисоб ба онҳо дода хоҳад шуд ). Ба ҳарду ҷинс ваъда додааст, ки хушбахтии комил хоҳанд дошт ва бо оёти: مَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَکَرٍ أَوْ أُنْثَی وَ هُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْیِیَنَّهُ حَیَاةً طَیِّبَةً وَ لَنَجْزِیَنَّهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا کَانُوا یعْمَلُونَ (ояти 97 сӯраи наҳл) “Ҳар кас, ки кори шоистае анҷом диҳад, хоҳ мард ва хоҳ зан дар ҳоле ки мӯъмин аст, ба ӯ зиндагии покизае хоҳем дод ва ба он чӣ ба кор бурдаанд, албатта, ба некӣ хоҳем дод," баён кардааст, ки ҳар як зану мард бо пайравӣ аз барномаҳои ислом метавонад ба рушди маънавӣ ва моддӣ ноил гарданд ва ба сӯи зиндагии поку покиза, ки пур аз оромиш аст, қадам зананд.
Мустақил ва озод
Ислом занонро мисли мардон ба ҳар маъно мустақил ва озод медонад ва Қуръон бо оятҳое аз қабили کُلُّ نَفْسٍ بِمَا کَسَبَتْ رَهِینَةٌ “Ҳар нафс дар гаравгони амалаш аст ва барои амали худ масъул аст, “ [Сураи Муддасир, ояти 38]; ё «مَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِیْنَفْسِهِ وَ مَنْ أَسَاءَ فَعَلَیْهَا» «Ҳар кас, ки некӣ кунад, ба нафъи ӯст ва ҳар кас, ки кори баде кунад, ба зиёни худи ӯст» [ояти 46 сураи Фуссилат]; ин озодиро барои ҳар фард, чи мард ва чӣ зан баён кардааст. Аз сӯйи дигар, истиқлол як шарти ирода ва интихоб аст, Ислом ин истиқлолро дар ҳамаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ шомил кардааст ва ҳама гуна равобити молиро барои занон ҷоиз медонад ва онҳоро молики даромад ва сармояи худ медонад.
Дар ояти 32-юми сураи «Нисо» низ омадааст: «لِلرِّجَالِ نَصِیبٌ مِّمَّا اکتَسَبُوا وَ لِلنِّسَاءِ نَصِیبٌ مِّمَّا اکتَسَبْنَ» «Мардонро аз он чӣ мекунанд, насибест ва занонро аз он чӣ мекунанд, насибест». Бо таваҷҷуҳ ба вожаи “Иктсоб”, ки аз “Касб” барои ба даст овардани сарват фарқ мекунад, ки натиҷааш аз они соҳиби он аст ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳукми умумӣ: «الناس مسلطون علی اموالهم» “Мардум бар моли худ”, яъне “ҳама мардум ҳокими моли худанд”, маълум мешавад, ки Ислом ба истиқлоли иқтисодии занон чӣ гуна эҳтиром мегузорад ва миёни зан ва мард ҳеҷ тафовуте надорад.
Тақсими кор
Ислом зану мардро аз лиҳози инсоният баробар медонад, аммо дар дигар ҷанбаҳо, аз қабили вазифаҳои иҷтимоъӣ миёни онҳо тафовут вуҷуд дорад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ маънии табъиз ва нобаробарии ҳуқуқӣ нест. Балки ҳадафи Ислом аз ин тафовутҳо , танзиму тақсими кор ба гӯнае аст, ки ҳаряк аз онҳо ба беҳтарини наҳв вазоифи худро анҷом диҳанд . Ин тафовутҳо дар воқеъ барои беҳинасозӣ амалкарди иҷтимоӣ ва табиии ҳар як аз ин ду ҷинс дар ҷомеъа аст .
Дар ниҳоят, Қуръон мавқеъи занро ба унвони як инсони дорои ҳуқуқ ва вазифаҳои мустақил эътироф намуда, таъкид мекунад, ки аз дидгоҳи илоҳӣ дар арзиши инсонӣ миёни зан ва мард ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад. Пас, ончӣ, ки милоку меъёри бартарии инсонҳо дар назди Худо aст, тақво ва рафтори дуруст аст, на ҷинс.