-
Нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз 30 сол
Сентябр 17, 2020 05:24Гурӯҳе аз намояндагони Маҷлиси миллии Узбакистон рӯзҳои наздик барои баргузории нишасти муштарак бо ҳамтоёни тоҷики хеш ба шаҳри Душанбе меоянд.
-
Нигаронӣ аз афзоиши мубталоён ба корона дар Тоҷикистон
Сентябр 16, 2020 15:03Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон аз афзоиши мубталоён ба Ковид-19 ва илтиҳоби рия дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
-
Бозгардондани тоҷикон аз Русия бо 71 парвози чартерӣ
Сентябр 16, 2020 14:56Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз барномарезӣ барои 71 парвоз ба манзури интиқоли шаҳрвандони ин кишвар аз Русия то поёни моҳи сентябр хабар дод.
-
Афзоиши бардошти гандум дар Тоҷикистон
Сентябр 16, 2020 14:00Бардошти гандум дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол токунун дар муқоиса бо муддати мушобеҳи порсол 35 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
-
Касрии наздик ба як миллиарддолларии тирози тиҷорати хориҷии Тоҷикистон
Сентябр 16, 2020 07:09Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз тирози манфии наздик ба як миллиарддолларии муомилоти тиҷорати хориҷӣ ба нафъи воридот дар ҳашт моҳи гузашта хабар дод.
-
Иллати ҳазфи раиси Ҳизби демократ аз рақобатҳои интихоботӣ
Сентябр 16, 2020 07:01Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки далели сабт нашудани номзадии раиси Ҳизби демократ дар интихоботи 11 октябр мавзеъи интиқодии вай аз амалкарди ҳукумат мебошад.
-
Эҳтимоли аз саргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон дар моҳи октябр
Сентябр 15, 2020 15:07Манобеи Вазорати ҳамлу нақли Русия аз эҳтимоли аз моҳи октябр барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Русия ва кишварҳои узви Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистонро эълон карданд.
-
Ваъдаи интихоботии Эмомалӣ Раҳмон
Сентябр 15, 2020 14:33Раиси Ҷумҳурии феълӣ ва номзади Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии рӯзи 11 октябр, афзоиши ду баробар тавлиди нохолиси миллиро ваъда додааст.
-
Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад
Сентябр 15, 2020 04:49Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз дарёфти даъватномаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
-
Таъйини нозирони маҷмаъи парлумонии кишварҳои Ҳамсуд барои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон
Сентябр 15, 2020 04:38Таркиби нозирони маҷмаъи парлумонии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд барои назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсоли Тоҷикистон мушаххас мешавад.