Иллати ҳазфи раиси Ҳизби демократ аз рақобатҳои интихоботӣ
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки далели сабт нашудани номзадии раиси Ҳизби демократ дар интихоботи 11 октябр мавзеъи интиқодии вай аз амалкарди ҳукумат мебошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Парвиз Муллоҷонов бо ишора ба сабти ном нашудани раиси Ҳизби демократ ва намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр гуфт: Дар ду соли ахир Усмонзода дар Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аз амалкарди заифи масъулони иқтисодии ҳукумат ба шиддат интиқод карда ва ҳатто хостори истеъфои теъдоде аз ин афрод шудааст.
Муллоҷонов афзуд: Усмонзода дар барномаи интихоботияш низ мавзӯъи коҳиши 50 дарсадии андози дарёфтӣ, ислоҳот дар низоми бонкӣ ва кӯчак кардани вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистонро матраҳ кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд ин масоил мӯҷиби ҳазфи вай аз рақобатҳои интиҳоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар шуд.
Мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон гуфтаанд, ки номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон натавонистааст 245 ҳазор имзои мавриди ниёз барои сабти ном ба унвони номзади ин ҳизбро ҷамъоварӣ кунад.
Саидҷаъфар Усмонзода гуфтааст, ки намехоҳад бо Комиссияи марказии интихобти Тоҷикистон дар ин маврид вориди баҳс шавад ва медонад, ки ин иқдом бенатиҷа хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон- номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода- номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров- номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода- номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев- номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон афроде ҳастанд, ки ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсолро ба даст овардаанд.