Касрии наздик ба як миллиарддолларии тирози тиҷорати хориҷии Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз тирози манфии наздик ба як миллиарддолларии муомилоти тиҷорати хориҷӣ ба нафъи воридот дар ҳашт моҳи гузашта хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, арзиши муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи гузашта 3 миллиарду 48 миллиону 300 ҳазор доллар буда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 10 дарсад бештар аст.
Арзиши содироти Тоҷикистон дар ин муддат як миллиарду 44 миллиону 100 ҳазор доллар ва воридот беш аз 2 миллиард доллар эълом шуда, ки тирози тиҷоратро наздик ба як миллиард доллар ба нафъи воридот манфӣ кардааст.
Дар ин муддат муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо Русия 648 миллиону 100 ҳазор доллар буда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл як дарсад коҳиш доштааст.
Мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар ин муддат 575 миллион доллар эълом шуда, ки коҳиши 2.8 дарсадиро нишон медиҳад.
Чин низ севумин шарики тиҷории Тоҷикистон бо 306 миллиону 800 ҳазор доллар аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши беш аз 24 дарсадӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Иллати коҳиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон густариши вируси корона унвон шудааст.