-
Туркия: Бар фаъолияти мадориси туркӣ дар Тоҷикистон назорат мекунем
Август 13, 2016 13:42Кордори сафорати Туркия дар Тоҷикистон гуфт: Анкара аз тамоми имконот ва зарфиятҳои худ барои қатъи фаъолияти ниҳодҳои муртабит бо Гюлен дар Тоҷикистон истифода хоҳад кард.
-
Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Туркия дар Анкара
Август 12, 2016 13:44Зариф ва Човушуғлу дар дидоре, ки ба сурати дуҷониба ва пушти дарҳои баста анҷом шуд, дар бораи муҳимтарин масоили равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.
-
Боз шудани яхҳо байни Маскав ва Анкара, Эрдуғон бо Путин дидор кард
Август 09, 2016 14:01Раисҷумҳури Туркия, ки бадунболи аз саргирии равобити Маскав-Анкара барои нахустин бор имрӯз ба Русия сафар кардааст, дар Санкт-Петербург бо Владимир Путин дидор кард.
-
Тирандозии нерӯҳои марзии Туркия бар рӯйи паноҳҷӯёни курд
Август 07, 2016 13:48Нерӯҳои Туркия дар марзи ин кишвар бо Сурия, бар рӯйи паноҳҷӯёни курд оташ кушоданд.
-
Раисиҷумҳури Қазоқистон: Мадориси муртабит бо Гуленро баррасӣ мекунем
Август 06, 2016 13:42Раисиҷумҳури Қазоқистон, ки ба Туркия сафар кардааст, гуфт, ҳар фарде, ки барои давлати Туркия таҳдид бошад, бидуни шак дар Қазоқистон ҷойгоҳе надорад ва остона аз ин афрод ҳимоят намекунад.
-
Сафари Назарбоев ба Туркия
Август 05, 2016 15:13Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз барои дидор ва гуфтугӯ бо ҳамтои туркияии худ вориди Анкара шуд.
-
Камиссиюни Аврупо: Туркия наметавонад узви Иттиҳодияи Аврупо шавад
Август 05, 2016 14:01Жан Клод Юнкер, раиси Камиссиюни Аврупо гуфт, Туркия дар авзои кунунӣ шароити узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро надорад.
-
Отамбоев: Эҳтимоли кудатои тарафдорони Гулен дар Қирғизистон вуҷуд надорад
Август 02, 2016 09:39Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон эҳтимоли кудато дар ин кишвар аз сӯйи тарафдорони Гуленро беасос дониста ва гуфтааст, ки мадорис ва муассисоти таҳти ҳимояти Фатҳуллоҳ Гулен дар Қирғизистон ҳеч гуна тахаллуфе надоштаанд.
-
Тавофуқи Русия ва Туркия барои интиқоли газ ба Урупо
Июл 27, 2016 11:17Русия ва Туркия барои интиқоли газ ба Урупо тавофуқ карданд.
-
Тоҷикистон муассисоти вобаста ба Гуленро таътил намекунад
Июл 27, 2016 10:27Раиси сабти иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати додгустарии Тоҷикистон аз идомаи фаъолияти муассисоти вобаста ба Гулен дар ин кишвар хабар додааст ва дар ҳамин ҳол вазири додгустарии Тоҷикистон ҳам гуфта, ки Туркия барои бастани ниҳодҳои вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон ҳеч дархосте ироа накардааст.