Камиссиюни Аврупо: Туркия наметавонад узви Иттиҳодияи Аврупо шавад
Жан Клод Юнкер, раиси Камиссиюни Аврупо гуфт, Туркия дар авзои кунунӣ шароити узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро надорад.
Ба гузориши ИРНА, раиси Камиссиюни Аврупо афзуд: "Агар иҷозаи муҷозоти эъдом дар Туркия содир шавад, табиӣ аст, ки раванди узвияти он кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо ба таври комил рад хоҳад шуд".
Юнкер дар айни ҳол таваққуфи музокира бо Туркия дар мавриди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро иштибоҳе бузург дар сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо донист ва таъкид кард: "Набояд дарҳои ин иттиҳодия ба рӯйи Туркия баста шаванд".
Раиси Камиссиюни Аврупо тасреҳ кард, бо ин ҳол Туркия ҳамакнун дар шароите нест, ки битавонад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дарояд ва бо меъёрҳои ин иттиҳодия фосила дорад.
Туркия дар пайи кудатои нофарҷоми 15 июл ба муддати 3 моҳ вазъи фавқуллода барқарор ва эълом кард, ки иҷрои Конвенсиюни ҳуқуқи башари Аврупоро ба ҳолати таъхир даровардааст.