Август 06, 2016 18:12 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Қазоқистон: Мадориси муртабит бо Гуленро баррасӣ мекунем

Раисиҷумҳури Қазоқистон, ки ба Туркия сафар кардааст, гуфт, ҳар фарде, ки барои давлати Туркия таҳдид бошад, бидуни шак дар Қазоқистон ҷойгоҳе надорад ва остона аз ин афрод ҳимоят намекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар конфронси матбуотӣ дар Анкара, афзуд, Остона вазъ ва наҳваи фаъолияти тамоми мадориси қазоқӣ - туркии Қазоқистонро, ки Анкара онҳоро муртабит бо Фатҳуллоҳ Гулен медонад, баррасӣ мекунад.

Назарбоев бо таъкид бар ин ки мадориси қазоқӣ - туркии таҳти кантроли давлати Қазоқистон қарор доранд, гуфт, ҳар фарде, ки барои давлати Туркия таҳдид бошад, бидуни шак дар Қазоқистон низ ҷойгоҳе надорад ва Остона аз ин гӯна афрод ҳимоят намекунад.

Вай афзуд, дар музокира бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон-раисиҷумҳури Туркия, дар мавриди баррасии тамоми ин мадорис дар қаламрави Қазоқистон тавофуқ кардем ва дар сурати исботи иртиботи ин мадорис бо Гулен, муаллимони онҳоро иваз хоҳем кард.

Вай бо ишора ба ӣнки тавофуқномаи фаъолияти ӣн мадорис дар замони Тургул Озал- раисиҷумҳури собиқи Туркия ба имзо расидааст, гуфт, ин мадориси ғайридавлатӣ ва бо пардохти шаҳрия фаъолият мекунад ва сатҳи кайфии омӯзиши онҳо низ бисёр боло аст. 

Назарбоев бо баёни ин ки  дар мадориси қазоқӣ- туркии кишвараш ҳудӯди 9 ҳазор нафар омӯзиш мебинанд, таъкид кард, ки агар дар миёни ин афрод касе муртабит бо терроризм бошад, бидуни ҳеч шарте дархости Туркияро иҷобат хоҳем кард.

Эрдуғон низ дар дидор бо Назарбоев, феҳристи 33 мадрасаи Қазоқистонро, ки Туркия аз фаъолияти онҳо нигарон аст, дар ихтиёри вай қарор дорад ва аз ҳамтои қазоқаш хост, ин мадорисро таътил кунад.

Туркия муддаӣ аст, ин мадорис бо Гулен муртабит ҳастанд.

Пас аз кудатои нофарҷом дар Туркия, мақомоти ин кишвар аз давлати Қазоқистон ва Қирғизистони таътилии тамоми мадориси туркии муртабит бо Гуленро хостор шудаанд.

Барчасп