Тавофуқи Русия ва Туркия барои интиқоли газ ба Урупо
(last modified 2016-07-27T10:47:24+00:00 )
Июл 27, 2016 15:47 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Русия ва Туркия барои интиқоли газ ба Урупо

Русия ва Туркия барои интиқоли газ ба Урупо тавофуқ карданд.

Юрий Сентюрин, муовини вазири энержии Русия рӯзи сешанбе эълом кард, барои иҷрои тарҳи хати интиқоли гази Русия ба Урупо аз масири Туркия, мавсум ба "Туркиш эстрим" бо зарфияти интиқоли 63 миллиард метри муккааб дар сол байни ду кишвар тавофуқи аввалия ҳосил шуд. Ба гуфтаи ӯ, баҳсҳои аслию тахассусӣ ҷиҳати роҳандозии ин хати лӯлае, ки бахши аслӣ ва мушорикатии он 1100 километр тӯл дорад ва сипас ба масирҳои мухталиф тақсим мешавад, дар музокироти ҷудогонае баррасӣ хоҳад шуд. Арзиши аввалияи иҷрои ин тарҳ, ки қарор аст, дар тӯли ду сол сохта шавад, 4 миллиарду 700 миллион доллар эълом шудааст.

Роҳандозии муҷаддади тарҳи хати лӯлаи газ аз Русия ба Туркия, ки аз баҳри Сиёҳ убур хоҳад кард ва ба "Туркиш эстрим" маъруф шуда, аз самараҳои оштии ду кишвар пас аз гузаштан аз давраҳои пуртаниш дар равобити дуҷониба аст.  Амалисозии ин хати лӯла, монанди бисёре аз тарҳҳои дигари ҳамкорӣ байну ду кишвар, аз 24 ноябри соли 2015, ба дунболи сарнагун шудани ҷангандаи русӣ тавассути Туркия мутаваққиф шуда буд. Пас аз ин рӯйдод Русия баъзе тадбирҳои танбеҳию таҳримӣ алайҳи Туркия ба иҷро гузошта буд. Бар рағми ин ки мақомоти турк, аз ҷумла Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар ибтидо мавзеи сарсахтонае дар ин замина иттихоз карданд ва ҳар гуна узрхоҳиро аз Маскав рад карданд, аммо таҳаввулоти чанд моҳи ахир, бавижа таҳримҳои густурдаи Маскав алайҳи Анкара ва низ таҳаввулоти минтақаӣ боис шуд, то саранҷом Эрдуғон моҳи гузашта бо ирсоли номаи узрхоҳӣ ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ ба далели соқит кардани ҷангандаи СУ-24 ба унвони пешшарти Русия хоҳони оддисозии равобити ду кишвар шавад. Узрхоҳии расмӣ, пардохти хисорот ва муҳокимаи халабони ҷангандаи тукрӣ се шарти аслие буд, ки Маскав барои азсаргирии равобит бо Анкара матраҳ карда буд.

Туркия бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои Русия бо тангноҳои бузурге, бавижа дар бахши тиҷорӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ шуда буд. Ин кишвар то ҳодисаи суқут кардани ҳавопаймои ҷангии Русия аз аслитарин содиркунандагони маводи ширию кишоварзӣ ба Русия ва аз муҳимтарин маконҳои туристӣ барои гардишгарони рус буд. Боло гирифтани таниш дар равобити Анкара ва Маскав Туркияро аз манфиатҳои бузурге маҳрум кард ва ин кишварро бо хисороти молии сангине мувоҷеҳ намуд. Ба унвони мисол, бо қатъи сафари гардишгарони Русия ба Туркия ин кишвар ҳашт миллиард доллар зарар дид ва ҳатто бархе таҳлилгарони турк аз зиёни 18-миллиарддоларии Туркия ба далели идомаи таҳримҳои Туркия аз сӯйи Русия суҳбат кардаанд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки фишори шароит ва вахомати рӯзафзуни молӣ, тиҷорӣ, иқтисодии Туркия дар ниҳоят сарони Анкараро водор кард, бо чархиши 180-дараҷаӣ дар мавозеи худ хоҳони эҳёи равобити ду кишвар шаванд. Ҳоло мақомоти Анкара умедворанд, ки ҳашт моҳи таҳримҳои Русия алайҳи Туркия дар заминаи иқтисодию тиҷорӣ, фаъолияти ширкатҳо ва шаҳрвандони Туркия дар Русия, мамнӯияти сафари гардишгарони Русия ба Туркия ва аз ҳама муҳимтар таълиқи иҷрои хати лӯлаи гази "Туркиш экстрим" лағв шавад.

Барои туркҳо бунёду ба истифода додани хати лӯлаи гази "Туркиш экстрим" аз аҳамияти бисёре бархурдор аст. Ширкати "Газпром" бо бунёди "Туркиш экстрим" қасд дошт, Туркияро ба унвони муҳимтарин кишвари интиқолдиҳандаи гази Русия ба ҷойи Украина табдил диҳад. Набояд фаромӯш кард, ки Русия бузургтарин таъминкунандаи гази Туркия аст ва ҳудуди 57 дарсади гази Туркияро таъмин мекунад.

Барчасп