Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Меҳргон
(last modified Sun, 20 Oct 2024 06:27:38 GMT )
Октябр 20, 2024 11:27 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Меҳргон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме ҷашни Меҳргонро, ки намоди тирамоҳ аст, табрик гуфт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрики худ гуфт, ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Меҳргон, ки яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ва мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашнест, ки омилу заминаҳои муҳимми табиӣ, иҷтимову иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ онро то ба замони мо расонидаанд.

Меҳргон мисли Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад.

Таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадимии тоҷикон собит месозад, ки ҳаёти инсоният бо олами атроф – табиату коинот робитаи ногусастанӣ дошта, ниёгони мо аз қадимулайём барои арҷгузорӣ намудан ба неъматҳои табиат маросиму ҷашнҳои гуногун баргузор мекардаанд.

Маҳз дар муҳити ориёитаборон ба вуҷуд омадани Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон бо расму ойинҳои рангорангу қадимаи онҳо, ки ба як ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтаанд, далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо дар фаслҳои гуногуни сол таҷлил гардида, хусусиятҳои табиии онҳоро ифода менамоянд.

Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки якҷо бо олимону мутахассисони соҳа бо роҳи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, зиёд намудани майдони боғҳо, истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, таъмин кардани рушди тухмипарварӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, дар муҳлатҳои муайяншуда гузаронидани кишти тирамоҳӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду – се ҳосил амнияти озуқавории кишварро тақвият бахшанд.