Хуни Яҳё Синвор хоҳад рӯид; паёмҳои корбарони эронӣ дар бораи шаҳодати Яҳё Синвор
(last modified 2024-10-20T05:34:48+00:00 )
Октябр 20, 2024 10:34 Asia/Dushanbe
  • Хуни Яҳё Синвор хоҳад рӯид; паёмҳои корбарони эронӣ дар бораи шаҳодати Яҳё Синвор

Порс тудей - Корбарони шабакаи иҷтимоии Х бо интишори постҳое дар фазои маҷозӣ, ба шаҳодати Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати Фаластин (Ҳамос) вокуниш нишон додаанд.

Шаҳодати Яҳё Синвор ба дасти низомиёни саҳюнист дар Ғазза интишори видеои он, вокунишҳои бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ доштааст.

Ба гузориши Порс тудей, корбарони эронӣ низ паёмҳои мухталифе дар ин бора мунташир карданд, ки дар инҷо бархе аз онҳоро мехонем:

Фаластин дубора мерӯяд

Якто Мурод, фаъоли шабакаи иҷтимоии Х, хуни Синворро маншаи рӯиши дубораи Фаластин хонда ва навишт:

«Хуни Яҳё Синвор хоҳад рӯид ва парчами мубориза аз дасти фаластиниҳо нахоҳад афтод. Ин сарзамин ду бора мерӯяд. Фаластин сарзамини рӯишу ҳаракат ва муқовимат аст».

Ба поёни Исроил салом бояд кард

Корбари дигаре ҳам ба номи Аҳмад Ризо хитоб ба Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил таъкид кард, ки замони нобудии ин режими фаро расидааст. Ӯ навишт:

«Алон фикр кардӣ режими террористи шайтонии исқотил (Исроил) аз нобудӣ наҷот пайдо кард, ба поён салом бояд кард, мо ҳама Синвор ва Насруллоҳ ҳастем».

Ишқ ба ватан сутуданист

«Садои Эрон» ҳам номи дигар фаъоли шабакаи иҷтимоӣ аст, ки вафодории шаҳид Яҳё Синворро ба ватанаш Фаластин сутӯда ва тасреҳ кард:

«Шаҳид Яҳё Синвор на аз Исроил воҳима дошт ва на аз марг метарсид, ӯ бо эътиқод ба ин мавзӯ то охирин лаҳза дар кишвараш монад ва шаҳид шуд то ҳамаи дунё бидонанд ишқ ба ватан, савои ҳамаи ишқҳои дунё аст ва Яҳё Синвор ҷонашро барои ватанаш дод».

Синвор ҷовдона шуд

Убайд, корбари эронии Х низ, муътақид аст, ки номи Синвор барои ҳамеша дар хотираи мардуми ҷаҳон боқӣ хоҳад монд. Вай навишт:

«Ӯ ба намоде аз ғайрату сумбули муқовимату улгӯи озодихоҳон мубаддил гашт, то дунёст номи Синвор дар забонҳост».

Синвор балои ҷони саҳюнҳост

Қайси Қурайшӣ, таҳлилгари эронии масоили Ғарби Осиё низ филму тасовири Синворро ба масобаи балои ҷони саҳюнистҳо тавсиф кард ва навишт:

«Филмҳо тасовири қаблу баъд аз шаҳодати шаҳид Яҳё Синвор балои ҷони Исроил хоҳад буд. Кӯдакону навҷавонони фаластинӣ ӯро дар амал улгӯи худ хоҳанд донист».

Муборизаи Синвор бо дасти холӣ дар баробари саҳюнистҳо, салобат буд

Ҳони Бурқӣ, ҳам ки аз ҷавонони эронӣ аст ва таҷрибае аз солҳои дифои муқаддас дар Эрон дар ҷанг бо Саддом, диктатори Ироқро надорад, навишт:

«Барои насли мо, ки 8 соли дифои муқаддасро надидааст, ҳамеша хотироти ҷанг мисли як афсонаи дастнаёфтанӣ буд. Ҷангидан бо дасти холӣ, ҷилави як артиши то дандон мусаллаҳ ҳифзи салобату иқтидори сар хам накардан ва натарсидан ва ... Видеои лаҳазоти поёнии Яҳё Синвор ба вузӯҳи ҳамон рӯҳияро нишонамон дод».

 

Барчасп