Бозии “Трактор”-и Эрон муқобили “Равшан”-и Тоҷикистон, 23 октябр
(last modified 2024-10-20T07:58:44+00:00 )
Октябр 20, 2024 12:58 Asia/Dushanbe
  • Бозии “Трактор”-и Эрон муқобили “Равшан”-и Тоҷикистон, 23 октябр

Тими футболи “Трактор”-и Табрез дар чорчӯби рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё муқобили тими “Равшан”-и Тоҷикистон қарор мегирад.

Ба гузориши ИРНА, тими футболи “Трактор”-и Табрез дар чорчӯби ҳафтаи сеюми рақобатҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё (сатҳи дувум) чаҳоршанбе (23 октябр ) аз соати 19:30 дақиқа муқобили “Равшан”-и Тоҷикистон қарор мегирад.

Драган Скочич, сармураббии “Трактор” барои ин дидори Меҳдии Ҳусайнӣ ва Sokol Cikalleshi-ро ба далели масдӯмият дар ихтиёр надорад. Аммо Ориф Ғуломӣ, ки намоиши хубе муқобили тими Қатар дошт ва дар бозӣ баробари тими “Хайбар”-и Хуррамобод ба далели масдӯмият аз замини бозӣ хориҷ шуда буд, омодаи ҳузур дар таркиби аслии “Трактор” муқобили “Равшан”-и Тоҷикистон аст.

Масдӯмияти Саҷҷоди Ошӯрӣ низ ба поён расидааст.

Дар ҳоли ҳозир “Трактор” бо 3 имтиёз дар садри ҷадвали гуруҳи A ин рақобатҳо қарор дорад ва “Равшан”-и Тоҷикистон низ бидуни имтиёз дар рутбаи сеюм қарор гирифтааст.

 

Барчасп