тафсир: Рӯнамоӣ аз «БРИКС Пай» ; Таҳаввули дигар дар фароянди долларзудоӣ
(last modified 2024-10-21T10:28:42+00:00 )
Октябр 21, 2024 15:28 Asia/Dushanbe
  • тафсир: Рӯнамоӣ аз «БРИКС Пай» ; Таҳаввули дигар дар фароянди долларзудоӣ

Порстудей-Аъзои «БРИКС» ба манзури иҷрои сиёсати долларзудоӣ аз системаи пардохти мустақил ба номи «БРИКС Пай» (brics pay) рӯнамоӣ карданд.

 Системаи молии ҷаҳонӣ бо барномарезиҳои гурӯҳи БРИКС барои эҷоди як системаи пардохти мустақил ҷиҳати осонсозии муомилоти байналмилалӣ байни аъзои худ, дар остонаи як таҳаввули бузург қарор дорад. Ба гузориши Порстудей ва ба нақл аз Меҳр, аъзои БРИКС дар ҷаласаи ахири худ аз платформаи ««БРИКС Пай» » рӯнамоӣ ва эълом карданд, ки ин платформа метавонад фойидаҳои бисёре монанди долларзудоӣ, осонсозии тиҷорати аъзо ва коҳиши таъсири таҳримҳои Ғарбро дошта бошад.

 Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда ««БРИКС Пай» » бо технологияи пешрафта монанди блоки Чин пуштибонӣ мешавад ва метавонад ба як ҷойгузини қудратманд барои сомонаи swift -Маҷмаъи ҷаҳонии иртибототи молии байнибанкӣ табдил шавад.

 Дар ҳамин робита Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо таъкид бар инки ««БРИКС Пай» » дар масири дуруст қарор дорад, гуфт: Ин дигар фақат як эдея нест, балки як ҳаракати рӯ ба пеш аст.

 Матвиенко ҳамчунин афзуд: «Ин система посухе ба орзуҳои кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст, ки мехоҳанд худро аз гегемония доллар озод кунанд.»

Дар ҳамин росто беш аз 50 кишвар пештар алоқаи худро барои пайвастан ба ин ибтикор иброз кардаанд, ки аксарияти онҳо аз Осиё, Африқо, Амрикои ҷанубӣ ва Аврупои шарқӣ ҳастанд.

 Владимир Путин-раисҷумҳури Русия низ эълом кард, ки кишварҳои узви БРИКС ҳамакунун дар ҳоли кор бар рӯйи созмондеҳии табодули иттилооти молӣ миёни бонкҳои марказии худ ҳастанд.

 Вай дар ҷаласае бо сарони расонаҳои бартари кишварҳои БРИКС изҳор дошт: Ин табодули иттилооти молӣ миёни бонкҳои марказӣ аст; ҷойгузине барои «СВИФТ» swift, ки аз ҳисобу китобҳои байналмилалӣ пуштибонӣ кунад.

 Пеш аз ин Муҳаммадризо Фарзин, раиси кулли Бонки марказии Эрон аз тавофуқоти густурдаи Эрон бо Русия дар ҳавзаи молӣ ва пулӣ хабар дод ва бар талоши кишварҳои узви БРИКС барои истифода аз арзҳои маҳаллӣ ва коҳиши вобастагӣ ба доллар таъкид кард.

 Раиси кулли Бонки марказии Эрон бо ишора ба инки сохтори феълии системаи молии ҷаҳон бар пояи Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ устувор аст, гуфт: Ба далели чолишҳои сиёсӣ бо кишварҳои ғарбӣ, ҷаҳон ба думболи тартиботи нав аст ва БРИКС заминасози амалишавии ин ҳадаф аст.