Суханронии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ширкат намуд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба дабири кулли СММ, раиси Маҷмаи Умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ гуфт:
Дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми СММ оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.
Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем.
Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад.
Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем.
Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
Бино ба навиштаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: Гарчанде ин конфронс дар давраи миёнаи татбиқи Даҳсолаи амал оид ба об барои рушди устувор доир мегардад, ба назари мо, ин оғози шоҳроҳи нави амалҳои мушаххаси мо мебошад.
Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоям.